Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳамлаи бесарнишин дар Покистон се нафарро кушт


Як мақоми маҳаллӣ дар Покистон гуфт, дар як ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин, ки гумон меравад аз Амрикост, се тан дар шимолуғарби ин кишвар кушта шуданд. Ӯ гуфт, дар ин ҳамла хонае, ки аз тарафи шӯришиёни мусаллаҳ истифода мешуд, ҳадаф қарор гирифтааст.

Басирхон Вазир, мақоми аршади минтақаи Куррам, дар наздикии марзи Афғонистон гуфт, ин ҳавопаймо рӯзи 15-уми сентябр ду мушак партоб кард.

Хабаргузории Ройтерс ба нақл аз манобеи Толибон хабар додааст, ки ин ҳамла хонаи Мавлавӣ Муҳиб, як фарди мусаллаҳи шабакаи Ҳаққониро ҳадаф қарор дод.

Нирӯҳои ба раҳбарии Амрико, ки бо Толибон дар Афғонистон меҷангад, ин хабарро шарҳ надодаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Аз боҷу андоз озод карданд, оё гӯшт дар Тоҷикистон арзон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG