Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати раиси собиқи Додгоҳи Фархор баъди садама


Абдуҷаббор Сафаров, раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Фархор, баъд аз чаҳор рӯзи садамаи нақлиётӣ дар бемористон даргузашт.

Як мақоми Бозрасии Давлатии Автомобилии минтақаи Кӯлоб рӯзи 15-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин садама дар шаҳри Кӯлоб иттифоқ афтода, Сафаров бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфта буд. Ӯ рӯзи гузашта дар ноҳияи Мӯъминобод ба хок супурда шудааст.

“Садама дар назди бинои маъруф ба “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб рух дод. Мошини Абдуҷаббор Сафаров ба як мошини дигар бархӯрда ва сахт маҷрӯҳ шуд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Абдуҷаббор Сафаров соли 2012 аз мақмои раиси Додгоҳи ноҳияи Фархор ба сабаби расидан ба синни нафақа озод гардид. Ӯ дар Коллеҷи милиса ба ҳайси омӯзгор фаъолият дошт.

Соли гузашта номи Абдуҷаббор Сафаров дар робита ба хонаи хидматии ӯ расонаӣ гардид. Додгоҳи минтақаи Кӯлоб аз Сафаров ва додраси дигар Аслам Холов хоста буд, хонаҳои хидматиро, ки хусусӣ кардаанд, баргардонанд.

Баъд аз даъвои чандмоҳа додгоҳ хонаи хидматиро аз Абдуҷаббор Сафаров гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG