Пайвандҳои дастрасӣ

Рейтинг: Сокинони Тоҷикистон саховатманд шудаанд


Тоҷикистон дар рейтинг ё дараҷабандии саховатмандии World Giving Index 2017 мақоми 50-умро ишғол кардааст.

Бино бар иттилои бунёди байналхалқии башардӯстонаи Charities Aid Foundation (CAF), 38 дарсади сокинони Тоҷикистон дар шаклҳои мухталиф ба корҳои хайр машғуланд.

Дар дараҷабандии соли қаблии World Giving Index Тоҷикистон мақоми 87-ро соҳиб шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, соли чаҳорум аст, ки мақоми аввали дараҷабандии мазкурро Мянмар ишғол мекунад. Бино бар додаҳои таҳқиқот, 91 дарсади сокинони ин кишвар ба саховатмандӣ машғуланд. Дар гузориш омадааст, ки сокинони Мянмар асосан ба роҳибони буддоӣ хайр мекунанд.

Дар мақоми дувум Индонезия ва дар мақоми севум Кения қарор доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG