Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири озурда гуфт, ин танҳо қисме аз бадрафториҳои ҳоким аст. ВИДЕО


Ҳокими Сайҳунобод директорони мактабро латукӯб кард

Мудири яке аз мактабҳои ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарёи Узбакистон гуфт, ки бадрафторӣ ва мушту лагад дар ҷаласаҳои раиси ноҳия як меъёри маъмулист. Наворе, ки дар он раиси ноҳия мудирони мактабҳоро мезад, 12 сентябр дар Интернет нашр шуд ва баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

Як мудири мактаб ба шарти ифшо нашудани номаш эътироф кард, дар рӯзи ҳодисаи мазкур ӯ аз ҳама бештар зарбу лат шудааст. Ин директор гуфт, ки навори нашршуда танҳо қисме аз бадрафториҳои раиси ноҳияро сабт кардааст.

"Чунин ҳодиса зиёд рух медиҳад. Пештар ҳоким ба сари кормандони дигар соҳаҳо даст мебардошт - деҳқонон ва роҳбарони муассисаҳои тиббиро лат мекард. Ҳолатҳое мешуд, ки раис бо шатта мезад. Ман шахсан шоҳид будам, ки раис онҳоро назди худ хонда ва баъдан бо шатта дур меронд. Эҳтимол вай фикр мекунад, ки чун ҳоким аст, пас ҳама кор барояш иҷозат аст. Аммо бо одамон чунин рафтор кардан мумкин нест. Дар навор на ҳамаи он чизе ки дар он рӯз рух дод, сабт шудааст. Он рӯз раис бархе мудиронро бо шатта аз утоқ берун кард", - гуфт мудир.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG