Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литва ба Алишер Тошев паноҳандагӣ намедиҳад


Департаменти муҳоҷирати Литва қарор кард, ки дархости паноҳандагии як шаҳрванди Тоҷикистонро рад кунад. Алишер Тошев рӯзи 31 август аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шветсия ба Вилнюс истирдод шуда буд. Мақомоти Литва гуфтанд, ки далелҳои барои гирифтани паноҳандагӣ пешниҳодкардаи Тошев аз воқеият дур аст ва санҷиши қазияи ӯ собит кард, ки дархости ӯ комилан беасос аст.

Эвелина Гудзинскайте, раиси департаменти муҳоҷират ба оҷонсии BNS гуфтааст, маводе, ки Тошев дар аризааш зикр кардааст, тасдиқи худро наёфт ва мақомот тасмим гирифтанд ба аризаи паноҳандагии ин шаҳрванди Тоҷикистон посухи рад бидиҳанд. Рӯзи 14 сентябр Тошев бо қарори мазкур шинос мешавад. Истирдоди Тошев ба Тоҷикистонро хадамоти сарҳадбонии Литва анҷом хоҳад дод, вале феълан мушаххас нест, ки ин истирдод кай сурат мегирад. Мақомоти тоҷик дар гузашта гуфтанд, ки хабари дар ҷустуҷӯ будани Тошевро тасдиқ карда наметавонанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Литва ҳам аз нашри ҷузъиёти бештари парвандаи Тошеви 39-сола худдорӣ мекунанд, рӯзи 1 сентябр вебсайти Delfi.lt навишт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон баъди он истирдод шуд, ки мақомоти Шветсия дар чаҳорчӯби баррасии ҳамлаи террористӣ дар Стокҳолм иртиботи ӯро бо террористи эҳтимолӣ собит карданд. Тошев як муддат дар боздошту бозпурсӣ қарор дошт ва баъдан тасмим шуд, ки ба Вилнюс ба хотири дар шиносномааш доштани визаи Литва истирдод шавад. Аллакай мушаххас шудааст, ки ин виза соли 2016 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо кумаки як ширкати туристӣ ва барои муддати кӯтоҳ гирифта шудааст.

Тошев дар аризаи паноҳандагии худ дархост карда буд, ки ба хотири таҳдид ба ҷонаш ба Тоҷикистон истирдод нашавад, вагарна мавриди шиканҷа қарор мегирад.

XS
SM
MD
LG