Пайвандҳои дастрасӣ

Русия интиқоли маҷмааи мушакии С-400-ро ба Туркия тасдиқ кард


Туркияву Русия дар бораи интиқоли маҷмааи зиддимушакии С-400 русӣ ба Анқара шартнома имзо карданд. Ин шартномаро Кремл рӯзи сешанбе тасдиқ кард.

Ёвари президенти Русия дар умури ҳамкориҳои низомиву техникӣ Владимир Кожин гуфт, ки "ҳамаи қарорҳое, ки дар доираи шартномаи мазкур қабул мешаванд", қатъан ба манфиатҳои кишвараш мутобиқ ҳастанд.

Ба иттилои бархе аз расонаҳо, арзиши хариду фурӯши техникаи низомӣ ба 2,5 миллиард доллар мерасад. Аз ин рӯ ин бузургтарин хариди Туркия берун аз чаҳорчуби НАТО унвон шудааст.

Вашингтон дар робита ба созгор наомадани маҷмааи С-400 бо стандартҳои низомиву техникии НАТО изҳори нигаронӣ баён мекунад.

Эрдуғон мегӯяд, Туркия бо такя ба манфиатҳои миллиаш ҳаққ дорад силоҳ, лавозимоти низомӣ ва техника бихарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG