Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо барои густариши Wi-Fi-и ройгон 120 млн евро харҷ мекунад


Wi-Fi- и ройгон дар Ню Йорк
Wi-Fi- и ройгон дар Ню Йорк

Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи "wifi4eu" барои дастрасии ройгон ба мавҷи Wi-Fi дар ҳудуди Иттиҳод 120 миллион евро ҷудо мекунад. Ҳадафи барнома фаро гирифтани минтақаҳои камаҳолӣ бо интернет унвон мешавад. Дар ин бора рӯзи гузашта дар сомонаи Порлумони Аврупо хабар пахш шуд.

Тибқи қарор, нуқтаҳои дастрасии ройгон ба интернет дар наздики 8 ҳазор минтақаи аҳолинишин, боғҳо, беморхонаҳо, мактабҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад. Фаъолияти нуқтаҳои дасрасӣ ба интернетро муассисаҳои давлатӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ таъмин мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, эҳтимол дорад, чунин нуқтаҳо дар соли 2018 ба кор пардозанд.

XS
SM
MD
LG