Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Шӯрообод – Шоҳон ба истифода дода шуд


Қитъаи шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Шӯрообод – Шоҳон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мавриди истифода қарор гирифт. Ин маросим рӯзи 13-уми сентябр бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки барои анҷоми ин тарҳ 93 миллион доллар ё 741 миллион сомонӣ сарф шуда, 40 километр роҳ ва 10 пул ба дарозии 1121 метр мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ин тарҳро Бонки Исломии Рушд, инчунин, Фонди Саудии Рушд, Фонди Кувайтӣ, Фонди Созмони давлатҳои содиркунандаи нафт оид ба рушди байналмилалӣ, Фонди Абу-Дабӣ ва ҳукумати Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд.

Инчунин, дар ин рӯз корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб оғоз гардид.

XS
SM
MD
LG