Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба хонаводаи “маҳбусони мазҳабӣ”: Фарзандатонро баред


Дар Узбакистон хонаводаи шахсоне, ки бо ангезаҳои динӣ зиндонӣ шудаанд, аз маҳбас нома дарёфт менамоянд. Дар ин номаҳо дар бораи анҷоми муҳлати ҷазои зиндониён хабар дода шуда, аз наздиконашон даъват мешавад, ки онҳоро омада, бибаранд.

Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ аз Андиҷон Саидҷаҳон Зайнобиддинов хабар медиҳад. Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи узбак, дар Узбекистон ин гуна таҷриба бори нахуст мушоҳида мешавад.

"Бо яке аз ин хонаводаҳо шахсан суҳбат доштам. Дар номае, ки онҳо дарёфт карданд, дар бораи санаи озодшавии писарашон хабар дода шудааст. Маъмурияти зиндон аз волидони маҳбус даъват кардаанд, ки омада, фарзандашонро баранд. Ин ҷавон бояд 27-уми сентябр ба Андиҷон баргардад. Ба ман хабар доданд, ки дар Андиҷон чанд хонаводаи дигар низ чунин нома дарёфт кардаанд", - афзуд Зайнобиддинов.

Ба назари ӯ, бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев муносибати мақомоти Узбакистон бо "маҳбусони мазҳабӣ" тағйир ёфтааст. "Фикр мекунам, мақомот бо фиристодани нома ба хонаводаи маҳбусоне, ки бо ангезаҳои динӣ зиндонианд, мехоҳанд, нишон диҳанд, ки сиёсати давлат дар робита ба диндорон ба тарафи мусбат тағйир ёфтааст", - гуфт ӯ.

Ёдрас мешавем, пештар хабар доданд, ки мақомоти Ӯзбекистон бозбинии парвандаи мусулмононеро, ки дар "рӯйхати сиёҳанд" оғоз кардаанд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, то ҳол наздики 16 ҳазор шаҳрванди Узбакистон аз рӯйхати маъруф ба аъзои равияҳои тундгароии динӣ хориҷ шуданд.

XS
SM
MD
LG