Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев бо Путин дар Сочӣ мулоқот мекунад


Алмосбек Отамбоев ва Владимир Путин
Алмосбек Отамбоев ва Владимир Путин

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 14 сентябр бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот хоҳад кард.

Б маълумоти и шуъбаи сиёсати иттилоотии президенти Қирғизистон, ин мулоқот дар шаҳри Сочии Русия баргузор мешавад ва раҳбарони ду давлат дар ин бора рӯзи 14 август дар як суҳбати телефонӣ созиш карда буданд.

Қарор аст дар дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва амалкардҳои муштараки Қирғизистону Русия дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) баррасӣ шаванд.

Манбаъ мегӯяд, Путин ва Отамбоев моҳҳои октябр ва ноябри соли равон низ дар доираи ҷаласаҳои ИИАО ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мулоқот хоҳанд кард.

Давраи президентии Алмосбек Отамбоев 1 декабри соли равон ба поён мерасад. Президенти нави Қирғизистон 15 октябри соли равон интихоб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG