Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи боздиди раиси Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон


Оӯзи 12 сентябр раиси Бонки Исломии Рушд Бандар ал-Хаҷар бо сафари серӯза вориди Тоҷикистон мешавад. Тибқи иттилои манбаъ дар вазорати молияи Тоҷикистон, Бандар ал-Хаҷар бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони ниҳодҳои моливу иқтисодии Тоҷикистон мулоқот мекунад.

57 кишвари ҷаҳон узви ин бонк ҳастанд ва дафтари марказиаш дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ воқеъ мебошад. Ин ниҳоди молӣ, ки тибқи муқаррароти шариати исломӣ фаъолият мекунад, асосан бахшҳои ҳамлу нақл ва энергетикаро сармоягузорӣ мекунад. Тоҷикистон соли 1996 узви БИР рушда, то ҳол аз ин ниҳоди молӣ ҳудуди 400 миллион доллар қарзҳову кӯмакҳо дарёфт кардааст. Дар ҳоли ҳозир қарзи Тоҷикистон аз БИР 112 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Тарҳи бузурге, ки БИР дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, сохтмони роҳи мошингарди Шоғун-Зиғар мебошад.

Бандар ал-Хаҷар то замони интихобаш ба вазифаи раиси БИР вазири корҳои Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ буд.

Дар ҳамин ҳол сандуқи ОПЕК барои сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб 10 миллион доллар ихтисос додааст ва имзои ин санад ахиран дар Душанбе миёни вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва Сулаймон ал-Ҳербиш, мудири сандуқи ОПЕК сурат гирифтааст. Маблағи умумии ин тарҳ беш аз 115 миллион доллар унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG