Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп бо ҳамсараш хотираи қурбониҳои 9/11-ро гиромӣ доштанд


Доналд Трамп бо ҳамсараш Мелания Трамп
Доналд Трамп бо ҳамсараш Мелания Трамп

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва бонуи аввал Мелания Трамп хотираи қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001-ро бо лаҳзаи сукут гиромӣ доштанд. Маросим дар чамани қисмати ғарбии Кохи сафед баргузор шуд. Дар он кормандони дастгоҳи раёсати ҷуҳмур, бо шумули мушовири президент Ҷаред Кушнер ва ҳамсари ӯ Иванка Трамп, иштирок карданд.

Иштирокдорони маросим, ки чанд дақиқа давом кард, суханронӣ накарданд. Баъди се зарбаи ноқус онҳо сарашонро пойин андохтанд. Ин маросим ба ёдбуди 3000 нафар бахшида шуд, ки ҳангоми ҳамлаҳои террористӣ, бо истифода аз ҳавопаймоҳои рабудашуда, ба Маркази байналмилалии тиҷорати Ню Йорк, Пентагон ва Пенсилвания ҷон бохтанд.

Маросими ёдбуд дар назди бинои Пентагон, аёлати Вирҷиния баргузор шуд, ки 11 сентябр мавриди зарбаи яке аз ҳавопамоҳои рабудашуда буд. Дар ин маросим 306 нафар, наздикони қурбониҳои амали террористӣ иширок доштанд.

XS
SM
MD
LG