Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадносир: “Зулфия барои Тоҷикистон ҷосусӣ накардааст”


Зулфия Ҳалимова
Зулфия Ҳалимова

Муҳаммадносир Ҳалимов – падари Зулфия Ҳалимова, ки дар Узбакистон бо айби ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон зиндонист, барои раҳоии духтараш аз раиси ҷумҳури он кишвар кумак хостааст. Мақомоти Узбакистон Зулфия Ҳалимоваро ба 11,5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Падари Зулфия мегӯяд, баъд аз дидори ду рӯзи қабл бо духтараш ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон ва Додгоҳии олии он кишвар муроҷиат кард, то парвандаи Зулфияро бозбинӣ кунанд.

Эътироф таҳти шиканҷа?

Муҳамадносир рӯзи 8-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Тошканд гуфт, “духтарам ба ман нақл кард, ки зери шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифтааст. Духтари ман ҷосус нест, ман барои бозбинӣ шудани парвандаи ӯ талош хоҳам кард.”

Зулфия Ҳалимова 36 сол дорад ва моҳи июли имсол ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуд. Шоира Қиличова, вакили дифои Зулфия мегӯяд, нафари таҳти ҳимояти ӯ бар асоси моддаҳои 223 (ғайриқонунӣ баромадан ё ворид шудан ба Узбакистон) ва 160 (ҷосусӣ)-и Кодекси ҷиноятии Узбакистон гунаҳкор дониста шудааст. Зулфия Ҳалимова баъд аз эълони ҳукм ба яке аз зиндонҳои занонаи ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд интиқол ёфт.

Навбатдори Маркази барқу гармидиҳии ба ҷосусӣ муттаҳам мешавад

Тарабхонаи "Очил" дар шаҳри Хуҷанд
Тарабхонаи "Очил" дар шаҳри Хуҷанд

Зулфия Ҳалимова, шаҳрвандии ягон кишварро надорад ва то боздошт шуданаш ҳамчун навбатдор ё оператор дар Маркази барқу гармидиҳии вилояти Сирдарёи Узбакистон кор мекард. Муҳокимаи додгоҳи ӯ дар Суди низомии Узбакистон паси дарҳои баста ҷараён гирифт.

Ба гуфтаи Муҳаммадносир Ҳалимов, бо далели инки дар парвандаи духтараш масъалаи сирри давлатӣ баррасӣ мешуд, нусхаи ҳукмро ба вакили дифоъ надоданд. Ӯ афзуд, духтарашро ба он хотир бо айби ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон муттаҳам мекунанд, ки ӯ як муддат дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси пешхидмат кор кардааст.

“Замоне ки духтари ман ҳамчун оператор дар Маркази барқу гармидиҳии вилояти Сирдарё кор мекард, ӯро ба Шуъбаи бақайдгирии шиносномаҳо даъват карданд. Дар онҷо ба ӯ ду зани шаттоҳ дарафтоданд. Баъдан милисаҳо рафта, духтари маро ба шуъба мебаранд. Нахуст Зулфияро бо иттиҳоми авбошӣ гунаҳкор карда, ӯро ба 10 шабонарӯзи зиндон маҳкум карданд. Дар ин бора ҳатто ба оилаи ӯ хабар надоданд. Вақте Зулфия дар зиндони муваққатӣ ҳукмашро адо мекард, муфаттиши Хадамоти амният Зоир Турсунов ба ӯ фишор оварда, талаб кардааст, ки нишондодҳои худиқрориро бинависад,” – гуфт падари Зулфия.

Алёна Ким
Алёна Ким

Ба гуфтаи Муҳаммадносир Ҳалимов, духтари ӯ Зулфия аз соли 2004 то 2005 ҳамчун пешхидмат дар тарабхонаи “Очил”-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст ва маҳз ҳамин чиз ба гуфтаи ӯ омил шуд, то мақомоти интизомии Узбакистон ба ӯ шак кунанд.

Муҳаммадносир гуфт, “вақте духтарам дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешуд, хонаи ӯро ҷустуҷӯ карданд. Мақомоти интизомӣ компютер ва дигар ашёи ӯро мусодира карданд.”

Додгоҳи низомии вилояти Сирдарёи Узбакистон моҳи июли имсол Алёна Кими 36-сола, модари ду фарзанд ва яке аз дӯстони Зулфия Ҳалимоваро низ бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон даҳуним сол аз озодӣ маҳрум кард. Мақомоти Узбакистон гуфтаанд, ки Алёна Ким ҳамроҳи Зулфия Ҳалимова дар тарабхонаи “Очил”-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

XS
SM
MD
LG