Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷанги Сурия 33 дафъа аз силоҳи кимиёвӣ истифода шудааст


Ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия
Ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия

Дар тули ҷанги Сурия бештар аз 30 маротиба силоҳи кимиёӣ истифода шудааст. Бар пояи иттилои Комисияи СММ дар умури таҳқиқи ҳамлаҳои кимиёӣ дар Сурия, 27 ҳамларо ҳукумати Сурия анҷом дод.

Дар шаҳри Хон-Шайхуни Сурия моҳи апрели соли равон беш аз 80 сокини осоишта аз бомбаҳои кимиёвӣ кушта шуданд. Ҳукумати Сурия эътроф кард, ки дар рафти ҳамлаҳои ҳавоӣ як бомба ба анбори силоҳҳои кимиёии шӯришиён расидааст.

Пештар аз ин фиристодаи махсуси СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷониби ғолиб надорад. Ба гуфтаи Мистура, низои мусаллаҳонаи Сурия қариб ба охир расидааст - масъалаи асосӣ ин аст, ки оё ҳукумати Башор Асад қодир аст раванди сиёсиро оғоз кунад ва оё мухолифон метавонанд муттаҳид шаванд ва нокомиашонро дар баробари Димишқ эътироф кунанд.

Сар аз 5 сентябр бо шикастани муҳосираи сесолаи гуруҳи "Давлати исломӣ" нерӯҳои Башор Асад ва ҳампаймононашон талош доранд, масири вуруд ба Дайр-аз-Зур - маркази истихроҷи нафти Сурияро густариш диҳанд.

Охирин паноҳгоҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия - шаҳри Раққаро шӯришиёни курд, ки аз ҷониби эътилофи таҳти роҳбарии ИМА пуштибонӣ мебинанд, дар муҳосира гирифтаанд.

Дар давоми 6,5 соли ҷанг дар Сурия, ба иттилои СММ, бештар аз 450 ҳазор одам кушта, миллионҳо сокин гуреза шудаанд.

XS
SM
MD
LG