Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Рекс Тиллерон ба шарикони бад гирифтор шудааст"


Владимир Путин
Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар Вашингтон ба "шарикони бад" гирифтор аст. Раҳбари Русия изҳори умед кард, ки ҳамкорӣ бо Маскав Тиллерсонро "ба роҳи дуруст" бармегардонад.

Путин ин нуктаро рӯзи 7 сентябр дар Форуми иқтисодии Владивосток баён кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки сарфи назар аз мушкилоти равобит бо ИМА, Русия ҳамкориро бо ширкатҳои амрикоӣ идома медиҳад. Яке аз ин ширкатҳо ExxonMobil аст, ки Рекс Тиллерсон дар гузашта раҳбараш буд. Ба гуфтаи Путин, Русия манфиати ин ширкатро ба назар мегирад.

Қабл аз омаданаш ба Департаменти давлатӣ, Тиллерсон раҳбари корпоратсия нафту гази ExxonMobil буд. То замони ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия, ExxonMobil як қатор тарҳҳои мушатракро бо ширкати "Роснефт" пиёда мекард. Чораҳои маҳдудкунанда ба ExxonMobil хисороти бузург ворид карданд

XS
SM
MD
LG