Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканду Бишкек аз Андиҷон то Қошғари Чин роҳ месозанд. ВИДЕО


Харитаи роҳи Андиҷон то Қошғари Чин
Харитаи роҳи Андиҷон то Қошғари Чин

Мақомоти Қирғизистону Узбакистон имкони таъсиси шоҳроҳи Андиҷон-Ӯш-Қошғарро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора раиси вилояти Андиҷони Узбакистон Шуҳратбек Абдураҳмонов хабар дод.

Ин изҳорот дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон пахш шуд. Мирзиёев сафари дурӯза ба ин кишвари ҳамсояро, ки дар ҷараёни он баёнияҳои хушбинона пахш шуд ва чанд санад низ ба имзо расид, рӯзи 6 сентябр ба поён расонд.

Дар ҷараёни ин сафар ҷонибҳо дар марзи муштараки ду кишвар гузаргоҳи марзӣ боз карданд ва эълон шуд, ки аз ин ба баъд шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд будуни пешниҳоди санади тавҷеҳи сафар ба Узбакистон раванд.

Абдураҳмонов дар маросими кушоиши гузаргоҳи нав бо изҳори хушҳолӣ гуфт, ки "бори аввал дар 20 соли охир бо ҳавопаймо аз Ӯш ба Бишкек рафта ва аз онҷо дубора ба Ӯш баргашт".

Искандар Матраимов, вакили порлумони Қирғизистон гуфт, ки "5-6 сентябри соли 2017 бо ҳуруфи тилоӣ дар таърихи муносибатҳои Қирғизистону Ӯзбекистон навишта хоҳад шуд".

Мулоқоти Шавкат Мирзиёев ва Алмосбек Отамбоев дар Бишкек
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

XS
SM
MD
LG