Ҳукми зиндони нахуствазири пешини Қазоқистон Серик Ахметов, ки соли 2015 бо айби "фасодкорӣ" 4 солу 26 рӯз зиндонӣ шуда буд, тағйир ёфтааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.
Муҳлати боқимондаи зиндонро Серик Ахметов "дар маҳалли истиқомат" адо мекунад.
Нахуствазири пешин моҳи декабри соли 2015 дар дуздии маблағи буҷа, сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва соҳибкории ғайриқонунӣ айбдор шуда, бо мусодираи молу мулк 10 сол равонаи зиндон гардид. Дар маҷмуъ аз рӯи ин парванда 21 нафар дар додгоҳ муҳокима шуданд.
Вакилони Серик Ахметов моҳи марти соли 2016 аз болои ҳукми додгоҳ шикоят карданд ва дар натиҷа муҳлати зиндони нахуствазири пешин кам шуд. Ибтидои сол хабар расид, бар пояи қонуни авф муҳлати зиндони Серик Ахметов дубора кам гардидааст.
Додгоҳи вилояти Қарағандаи Қазоқистон хабар медиҳад, ки бино бар "рафтори шоиста"-и Серик Ахметов ва пардохти комили зарари молӣ шакли адои ҷазои ӯ тағйир коҳиш ёфт.