Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беқурбшавии пули миллии Узбакистон


Бонки марказии Узбакистон шурӯъ аз 5-ум сентябр арзиши сӯм, пули миллии кишварро дар баробари доллари амрикоӣ ва асъори дигар тақрибан ду баробар коҳиш додааст. Ҳамакнун баҳои 1 доллари амрикоӣ ба ҷойи 4210 сӯми қаблӣ, аз имрӯз 8100 сӯм расидааст. Беқурбшавии пули миллии Узбакистон дар пайи фармони президент Мирзиёев “Дар мавриди тадбирҳои аввалия дар қиболи сиёсати либералликунонии асъор”, сурат гирифтааст.

Ҳамчунин, аз рӯзи 5-уми сентябр Бонки тиҷоратии Узбакистон ба савдои озоди доллари ИМА ва асъори дигари хориҷӣ оғоз хоҳанд кард.
Сафарбой Ҷубаев, устоди Донишгоҳи иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мегӯяд, амалиёти девалватсия ё беқуршавии пул дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба хотири ҳимоят аз бозори дохилӣ, боло бурдани мизони содирот ва ҷилавгирӣ аз берун рафтани асъори хориҷӣ аз кишвар анҷом мешавад.

Ба гуфтаи вай, нобасомониҳо дар бозори асъори Узбакистон ҳукумати ин кишварро водор кардааст, ки даст ба беқурбшавии пули миллӣ занад. Зеро то ҳол нархи 1 доллари амрикоӣ дар фурӯшгоҳҳои расмии асъор 4200 сӯм, дар бозори сиёҳ 7800-8000 сӯм ва нархи биржаи банкибонкӣ 8500 сӯмро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG