Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон аз созиши 80% марзҳои баҳнок бо Қирғизистон хабар дод


Гузаргоҳи марзии байни Узбакистон ва Қирғизистон
Гузаргоҳи марзии байни Узбакистон ва Қирғизистон

Узбакистону Қирғизистон лоиҳаи созиши 80 дар сади марзи муштараки давлатиро омода кардаанд. Дар ин бора ҳукумати Ӯзбекистон хабар дод.

Ҳукумати он кишвар мегӯяд, ки аз 21 то 31 август дар Бишкеку Тошканд мулоқоти гуруҳҳои кории Узбакистону Қирғизистон дар робита ба аломатгузории марз баргузор шуд.

28 август президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев хабар дод, ки бо ҷониби Ӯзбекистон созишномаи 84 дарсади марз таҳия шудааст. Ба гуфтаи Отамбоев, дар тӯли 26 соли охир масъалаи марз "ҳалношуда боқӣ монда буд", ки акнун дар ҳоли ҳалшавист.

Қирғизистону Ӯзбекистон 1378 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин шумор 320 километраш марзҳои баҳсӣ аст.

XS
SM
MD
LG