Додгоҳи зиддитеррористии Покистон нахуствазири пешини ин кишвар Парвиз Мушаррафро дар робита ба куштори Беназир Бҳутто, фирорӣ эълон кард, ки аз адолати додгоҳӣ пинҳон шудааст. Парвиз Мушарраф, ки нахуствазири пешин Беназир Бҳутто дар замони раҳбарии ӯ кушта шуд, ба бемасъулиятӣ дар таъмини амнияти сиёсатмадор муттаҳам мешавад. Мушарраф даъватҳои додгоҳро барои ҳозир шудан ба мурофиа сарфи назар мекунад.
Парвиз Мушарраф, собиқ раҳбари низомии Покистон, ки соли 2013 масъулияти куштори Бҳутто ба дӯши ӯ низ гузошта шуд, ҳоло дар Дубай худро ихтиёран дар ғурбат қарор додааст.
Додгоҳи минтақаи Равалпиндӣ фармон дод, ки дороиҳои Мушарраф дар асоси қарори рӯзи 31 август мусодира шавад.
Додгоҳ ҳамчунин ду мақоми аршади пулисро, ки натавонистанд аз суиқасд ба ҷони Бҳутто ҷилавгирӣ кунанд, ба хунукназарӣ айбдор кард ва ҳар якеро ба муҳлати 17 сол равонаи зиндон кард.
Аммо панҷ нафареро, ки гуфта мешуд ҷангии толибон буда, дар тавтеаи суиқасд ба ҷони Бҳутто даст доранд, бинобар исбот нашудани ҷурмашон сафед кард.
Ин нахустин қарорҳои додгоҳ аст, ки баъди ҳудудан 10 соли кушта шудани Беназир Бҳутто содир шуд. Бҳутто ҳангоми пешбурди маъракаи интихоботӣ мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт.
Ҳукумати Мушарраф дар куштори Бҳутто Байтулло Маҳсуд, раҳбари толибони Покистонро гунаҳкор кард. Аммо Маҳсуд даст доштанаш дар ҳамларо рад мекард. Байтулло Маҳсуд соли 2009 дар ҳамлаи бесарнишини ИМА кушта шуд.
Соли 2010 гузориши Созмони Милали Муттаҳид ҳукумати Мушаррафро ба нокомӣ дар баробари таъмини амнияти Беназир Бҳутто муттаҳам кард.