Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки 1-миллиондолларии Қазоқистон ба Тоҷикистон


Қазоқистон ба Тоҷикистон 21 вагон орд, консервҳои гӯштӣ ва ширӣ фиристодааст. Мизони умумии ин кӯмаки башардӯстона 1320 тоннаро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои сомонаи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, маблағи кӯмакҳои Қазоқистон ба 914 ҳазор доллари амрикоӣ баробар буда ва ин кӯмакҳо ба Оҷонсии давлатии захираҳои моддии Тоҷикистон ирсол шудааст.

Ин манбаъ гуфтааст, Нурлан Сейтимов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон дар маросими супурдани кӯмакҳои башардӯстона таъкид кардааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ҳодисаҳои табиӣ ва расонидани кӯмакҳо ба мардуми осебдида ҳамасола кишвараш ба давлати дӯсти Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона мерасонад.

Зимнан, дар соли ҷорӣ Тоҷикистон аз 44 кишвари хориҷӣ ба маблағи 26,1 миллион доллар кӯмакҳои башардӯстона дарёфт кардааст. Дар соли гузашта 53 кишвари дунё ба Тоҷикистон ба маблағи 45 миллион доллар кӯмакҳои башардӯстона ирсол карда буданд.

XS
SM
MD
LG