Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди ҳуқуқи башар: Тоҷикистон бояд Бузургмеҳр Ёровро озод кунад


Бунёди ҳуқуқи башар, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро маҳкум кард, ки ба 25 соли зиндони ҳуқуқшиноси маъруф Бузургмеҳр Ёров се соли дигарро изофа кард. Ин созмони фаъоли ҳуқуқи башар бо пахши изҳороте рӯзи 29-уми август дар вебсайти худ навишт, ки қазияи Бузургмеҳр Ёров бахше аз таъқибҳои идомаёбандаи мудофеони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст.

Бунёди ҳуқуқи башар, ки яке аз муассисонаш шоҳмотбози маъруфи Русия Гаррӣ Каспаров мебошад, аз мақомоти Тоҷикистон озодии Ёров ва дигар ҳуқуқшиносону аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро талаб кард. Тор Ҳалворссен, президенти Бунёди ҳуқуқи башар гуфт, "ҳуқуқшиносоне ба мисли Ёров танҳо кори худро иҷро мекунанд" ва ҳукумати Тоҷикистон "бояд таъқиби адвокатҳову матбуотро хотима диҳад”.

Бузургмеҳр Ёров, ки баъди ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои раёсати боздоштшудаи ҲНИТ дар соли 2015 дастгир шуд, дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум гардид. Додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" исботшуда ва қонунӣ меномад.

Хешовандони Бузургмеҳр Ёров рӯзи 23-юми август ба матбуот гуфтанд, додгоҳ ахиран ҳуқуқшиносро барои таҳқири президент ва қаллобӣ низ айбдор донист.

Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистонро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ карда гуфтанд, ки омодагии вай дар ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои ҲНИТ дар тирамоҳи соли 2015, чанд ҳафта баъди “ғайриқонунӣ” ва “террористӣ” эълон шудани ҳизби сиёсӣ, боиси боздошт ва дар ҷиноятҳои содирнакарда гунаҳгор эълон шудани вай гардид. Баробар бо Ёров вакили дигари дифоъ Нуриддин Маҳкамов ҳам ба мӯҳлати 21 соли зиндон маҳкум шудааст ва Маҳкамов ҳам иттиҳомотро эътироф накардааст.

XS
SM
MD
LG