Пайвандҳои дастрасӣ

"Раҳбари маънавӣ"-и Эрон ба марг маҳкум шуд


Муҳаммад Алӣ Тоҳирӣ

"Раҳбари маънавӣ" Муҳаммад Алӣ Тоҳирӣ, баъди лағви ҳукми эъдомаш дар ду соли пеш дар Эрон, барои бори дуввум ба марг маҳкум шуд.

Маҳмуд Ализода Таботабоӣ, вакили Тоҳирӣ рӯзи 27 август гуфт, зерҳимояаш баъди он ба марг маҳкум шуд, ки додгоҳ ӯро дар ташкили гурӯҳи "Доираи ирфон" ба "густариши фасод дар замин" айбдор кард.

Таботабоӣ гуфт, ки дар 20 рӯзи оянда аз рӯи ин ҳукм ба додгоҳи тамиз шикоят хоҳад бурд ва изҳори умед кард, ки Додгоҳи Олӣ ин ҳукмро низ лағв кунад.

Хонаводаи Тоҳирӣ мегӯяд, ки ӯ дар маҳбас мавриди озору азият қарор гирифт ва мақомот ба ӯ фишор оварданд, ки дар назди дурбини телевизион ба гуноҳаш иқрор шавад.

Табиби машҳур Муҳаммад Алӣ Тоҳирӣ, ки гурӯҳи таъсисдодааш дарки ирфонии дунёро тарғиб мекунад, як замон иҷозат дошт дар маконҳои умумӣ дарс бигӯяд ва корҳои амалӣ анҷом диҳад.

Аммо ӯ баъди ҳушдори Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ, ки ин таълимоти дурӯғин метавонад мардумро аз Ислом дур кунад, мавриди фишори афзоянда қарор гирифт.

Тоҳирӣ бори аввал соли 2010 боздошт шуд ва аз соли 2011, вақте додгоҳ ӯро бо ҷурми "куфр" ба панҷ соли зиндон муттаҳам кард, дар зиндони Эвин нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ соли 2015 бар пояи ҳамин иттиҳом ҳукми эъдом гирифт, аммо додгоҳ баъдан ин ҳукмро лағв кард.

Тоҳирӣ борҳо алайҳи боздошташ гуруснанишинӣ эълон кард ва солҳои ахир баъзе ҷонибдоронаш ё боздошт шуданд, ё таҳти фишори мақомот қарор гирфтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG