Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Покистон тазоҳургарони зиддиамрикоиро пароканда кард


Тазоҳуроти алайҳи ИМА дар Покистон. 27 августи соли 2017

Пулиси Покистон рӯзи гузашта барои пароканда кардани тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар шаҳри Карочии ин кишвар аз гази ашковар ва чӯбдаст истифода кард. Вазорати умури хориҷии ин кишвар хабар дод, ки сафари ҳайати баландпояи Амрико ба шаҳри Исломобод лағв шуд

Қарор буд, ки намояндаи махсуси ИМА дар Покистон ва Афғонистон Элис Уэллсрӯзи 28 август вориди Исломобод шавад ва бо мақомоти баландпояи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кунад.

Лағви сафари ҳайати амрикоӣ ба Исломобод шарҳ дода нашудааст, вале ин тасим зоҳиран ба талаби ахири президенти ИМА Доналд Трамп рабт дорад, ки аз Покистон хост, ба Толибони Афғонистон дигар паногоҳ надиҳад. Исломобод иддао дорад, ки аз Толибон ҳимоят намекунад.

Дар Карочӣ пулис барои пароканда кардани талабаҳои шиамазҳаб, ки талош карданд ба бинои консулгарии ИМА дар ин шаҳр ворид шаванд, аз нирӯ кор гирифт. Дар натиҷаи он чанд корманди пулис захм бардошт.

Тазоҳуроти "Ҳимояти Покистон", ки рӯзи 27 август баргузор шуд, сиёсатҳои Амрикоро маҳкум мекард. Трамп ҳангоми муаррифии стратегияи нави Амрико дар Афғонистон ва Осиёи Ҷанубӣ гуфт, ИМА мехоҳад, аъзои шабакаи террористии Ҳаққониро мав кунад, ки дар анҷоми як қатор ҳамлаҳо дар Афғонистон даст доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG