Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соатҳои охирини умри Ислом Каримов дар тасвири яке аз шоҳидон


Ислом Каримов бо ҳамсар ва наберааш Марям. Акс аз саҳифаи "Инстаграм"-и Лола-Тиллоева Каримова
Ислом Каримов бо ҳамсар ва наберааш Марям. Акс аз саҳифаи "Инстаграм"-и Лола-Тиллоева Каримова

Лола Тиллоева-Каримова – духтари Ислом Каримов – раиси ҷумҳури пешини Узбакистон баъд аз як соли марги падараш соатҳои охирини ҳаёти ӯро расонаӣ кард. Лола Каримова рӯзи 27-уми август дар "Инстаграм" ва "Фейсбук" навишт, он лаҳзаҳоро яке аз дугонаҳои наздикаш бо номи Оқила Тоирова дар дафтари хотироти худ сабт карда буд.

"То 31-уми август умеди зинда монданаш буд"

Дарҳол Анвар-қорӣ ва чанд рӯҳонии дигар аз масҷиди Минор расида омаданд. Ман намедонам, ин тасодуф буд ё чизи дигар, аммо баъди шурӯи қироати сураи "Ёсин" таби Ислом Каримов то 36 дараҷа поин шуд

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, рӯзи дувуми сентябри соли гузашта бар асари сактаи мағзӣ ё инсулт даргузашт. Оқила Тоирова дар хотироти худ, ки тавассути духтари Каримов расонаӣ шуд, мегӯяд, то шоми 31-уми август ба наҷоти ӯ умед доштаанд.

"Вақте маълум шуд, ки ба зинда мондани ӯ умеде нест, субҳи 1-уми сентябр ба Тошканд рафтам, то дар лаҳзаҳои мушкил дар канори дугонаи наздиктарини худ бошам. Ҳамаи ончи баъдан рух дод, ба ман хеле таъсир гузошт. Ин тавр ҳам гуфтан мумкин аст, ки вақте аз Порис ба Тошканд мерафтам, одами дигар будам ва ҳангоми бозгашт инсони тамоман дигар шудам", - навиштааст ӯ.

Даъвати Анвар-қорӣ ва рӯҳониёни дигар

Лола-Тиллоева Каримова ҳамроҳи модараш дар рӯзи ҷанозаи Ислом Каримов
Лола-Тиллоева Каримова ҳамроҳи модараш дар рӯзи ҷанозаи Ислом Каримов

Ба нақли Тоирова, ӯ шоми 1-уми сентябр аз пойтахти Фаронса ба Тошканд расида, субҳи дигар ба бемористон рафтааст. Ӯ мегӯяд, он вақт дар паҳлӯи Ислом Каримов ҳамсараш Татяна Акбаровна, духтараш Лола ва наберааш Марям нишаста буданд. Оқила Тоирова мегӯяд, бо хости хонаводаи Ислом Каримов субҳи дувуми сентябр аз вазъи нохуби саломати ӯ ба расонаҳо хабар дода шудааст.

Муаллифи хотирот менависад, хонаводаи Ислом Каримов бар ин бовар будаанд, ки бояд мардум аз вазъи саломати раиси ҷумҳур огоҳ бошад ва маҳз бо хоҳиши онҳо сабаби марги ӯ расман эълон шудааст. Ин шоҳиди соатҳои охирини умри Ислом Каримов мегӯяд, замоне дар бемористон буд, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон таби хеле баланд дошт. Дар он замон, ба гуфтаи ӯ, рӯҳониён ба бемористон даъват ва аз онҳо хоста шудааст, ки сураи "Ёсин"-ро бихонанд.

"Дарҳол Анвар-қорӣ ва чанд рӯҳонии дигар аз масҷиди "Минор" омаданд. Намедонам, тасодуф буд ё чизи дигар, аммо баъди шурӯи қироати сураи "Ёсин" таби Ислом Каримов то 36 дараҷа поин шуд ва дувоздаҳ соати дигар барҳаёт буд", - навиштааст Оқила Тоирова. Ин шоҳиди марги Ислом Каримов мегӯяд, ки 12 соат бидуни танаффус дар бемористон Қуръон тиловат шудааст.

"Ба назарам, бодиққат сураҳои Қуръонро мешунид"

Ӯ мегӯяд, Лола Каримова аз назди падараш дур намерафт ва ба лабаш об мегузошт: "Аъзои хонавода аз ӯ ризоят мепурсиданд ва ризогӣ медоданд. Ба ман чунин менамуд, ки рӯҳи ӯ ҳамаи инро ҳис мекард, Ба назарам, ӯ бодиққат сураҳои Қуръонро ҳам мешунид." Оқила Тоирова навиштааст, Ислом Каримов соати 9-и шаби дувуми сентябри соли 2016 ҷон дод. Ӯ мегӯяд, вақте онҳо барои видоъ бо раиси ҷумҳур вориди ҳуҷра шуданд, Анвар-қорӣ ва рӯҳониёни дигар бо худ гули райҳон овардаанд.

"Вақте Лола Каримова суол кард, ки оё гули райҳон овардану гузоштан ягон одат аст? Анвар-қорӣ гуфт, ки онҳо хостанд, бо гули дӯстдоштааш тани Ислом Каримовро бипӯшонанд", - тасвир кардааст ӯ. Ба нақли Оқила Тоирова, баъди даргузашти Ислом Каримов духтараш Лола-Тиллоева Каримова аз мақомот хостааст, ки ӯ бар асоси шариати ислом ва бино ба васияташ дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шавад. Тоирова мегӯяд, маълум шудааст, ки чанд сол пеш Ислом Каримов ҳамроҳи ҳамсараш ба Самарқанд рафта ва ҷоеро дар наздикии масҷиди Ҳазрати Хизр ба ӯ нишон дода будааст. Гуфтааст, ки баъди марг ӯро дар ҳамонҷо бигӯронанд.

"Оё он вақт медонист, ки чӣ сарнавиште интизораш ҳаст?"

"Бино ба нақли хонаводаи президент, ӯ дар замони кӯдакияш дар онҷо бозӣ мекардааст. Оё он вақт медонист, ки чӣ сарнавиште ӯро интизор аст? Оё медонист, ки рӯҳаш барои ҳамешагӣ дар ҳаминҷо ором хоҳад гирифт?" - хулоса кардааст Оқила Тоирова.

Лола Каримова, духтари Ислом Каримов дар бораи ин дугонаи наздиктарини худ ва муаллифи хотирот маълумоте надодааст. Аммо худи Оқила дар хотироташ мегӯяд, дар тӯли зиндагӣ боре ҳам аз наздик бо Ислом Каримов мулоқот надошт. Танҳо дар солҳои навадум ба унвони донишҷӯи оянда аз дур дар маросими ифтитоҳи бозиҳои варзишӣ дидааст. Ӯ мегӯяд, бо хости Худо дар соатҳои охирини Каримов дар паҳлӯяш буд.

Узбакистони бидуни Ислом Каримов

Ислом Каримов
Ислом Каримов

Ислом Каримови 78-сола, ки 27 сол зимоми қудратро дар Узбакистон дар даст дошт, моҳи сентябри 2016 даргузашт ва рӯзи 3-юми сентябр дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд. Ӯ яке аз пӯшидатарин давлатмардон дар қаламрави Осиёи Марказӣ буд ва ба саркӯби мухолифин, матбуоти озод ва муносибати нохуб бо кишварҳои ҳамсоя танқид мешуд.

Баъд аз марги Каримов раёсати ҳукуматро Шавкат Мирзиёев, ки қаблан дар мақоми нахуствазир кор мекард, бар ӯҳда гирифт. Ӯ дар интихоботи моҳи декабри соли гузашта бар ҳамаи рақибонаш пирӯз омад ва ба курсии президентӣ нишаст. Узбакистон як сол боз бидуни Ислмо Каримов ва таҳти раҳбарии Шавкат Мирзиёев нафас мекашад. Ҳарчанд дар ин муддат аз баъзе тағйирот дар сиёсати Узбакистон, аз ҷумла дар муносибат бо ҳамсояҳо сӯҳбат мешавад, коршиносон мегӯянд, ки шояд барои натиҷагирӣ ҳанӯз барвақт аст.

XS
SM
MD
LG