Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷияни Ислом Каримов: Марги ӯ бароям “сюрприз” буд


Ҷамшед Каримов
Ҷамшед Каримов

Ҷамшед Каримов, бародарзодаи Ислом Каримов – раиси ҷумҳури пешини Узбакистон – гуфт, ки баъд аз ним соли раҳоӣ аз бемористон ё, ба қавли худи ӯ, "зиндони касалиҳои рӯҳӣ" ҳанӯз шиноснома надорад ва муроҷиаташ ба қабулгоҳи маҷозии президент Шавкат Мирзиёев беҷавоб мондааст. Ӯ рӯзи 5-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шиносномаашро соли 2006, замоне ки мехост ба Шветсия биравад, гирифта буданд.

Шизофрения – ягона гуноҳи ман буд. Аммо инро гуноҳ гуфтан мумкин аст? Агар инсон рӯҳан бемор аст, пас, ҷисман ӯро бояд нест кард?

Каримов баъд аз 11 соли табобати маҷбурӣ дар шифохонаи касалиҳои рӯҳии Самарқанд моҳи феврали имсол озод шуд. "Духтарам ба қабулгоҳи маҷозии раиси ҷумҳур нома навишт, ки барои гирифтани шиноснома ба ман ёрӣ кунад. Аммо ҳанӯз посухе нест. Намедонам, махсус чунин рафтор мекунанд, ё инки бюрократияи маъмулист", - афзуд ӯ.

Ин бародарзодаи раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, ки ба қарибӣ ба синни 50 мерасад, гуфт, бо сабаби надоштани шиноснома наметавонад нафақаашро бигирад ё ҷои кор ёбад. Ӯ мегӯяд, дар дасташ ҳамагӣ 6 ҳазор сом, муодили тақрибан як доллари амрикоӣ боқӣ мондааст, ки онро ҳам духтараш дода буд ва акнун намедонад рӯзгорро аз чӣ ҳисобе пеш бибарад.

Ислом Каримов моҳи сентябри соли 2016 бар асари сактаи мағзӣ даргузашт
Ислом Каримов моҳи сентябри соли 2016 бар асари сактаи мағзӣ даргузашт

Ҷамшед Каримов, писари Арслон Каримов – бародари калонии Ислом Каримов – дар Ҷиззах зиндагӣ мекунад. Ӯ дар оғози солҳои 2000-ум бо Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR), "Арена", хабаргузории "Фарғона" ва Uznews ҳамкорӣ дошт. Ҷамшед соли 2006 бо қарори додгоҳ барои табобати маҷбурӣ дар бемористони касалиҳои рӯҳии шаҳри Самарқанд интиқол ёфт.

Бародарзодаи Каримов тирамоҳи соли 2011 озод шуд, аммо бо гузашти ду моҳ аз назари ҷомеа ғайб зад. Баъдтар хабар расид, ки Ҷамшедро бо дастури мақомот дубора дар бемористон бистарӣ кардаанд. То боздошти дуборааш Ҷамшед Каримов тавонист, ки чанд матлаби танқидӣ нисбат ба мақомоти маҳаллӣ ва марказии Узбакистон дар Интернет нашр намояд.

Ман ҳатман ба кори журналистӣ идома медиҳам. Журналистика барои ман касби ифтихорӣ аст

"Агар ду моҳи дар озодӣ буданамро ҳисоб накунем, ман расо 10 солу 5 моҳ дар бемористон будам. Дар ҳуҷраи якнафарӣ нигоҳ дошта мешуд. Шизофрения – ягона гуноҳи ман буд. Аммо инро гуноҳ гуфтан мумкин аст? Агар инсон рӯҳан бемор аст, пас, ҷисман ӯро бояд нест кард? Вақте маро дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бурданд, дар онҷо гуфтанд, ки алайҳи ман ягон иттиҳом нест, фақат амр аз болост", - нақл кард ӯ.

Ҷамшед Каримов гуфт, хабари даргузашти Ислом Каримов барояш "сюрпризи ҳақиқӣ" буд. Ӯ бовар дорад, ки маҳз марги амакаш сабаб шуд, аз "зиндон" озодаш кунанд.

Бародарзодаи раиси ҷумҳури пешини Узбакистон мегӯяд, ҳарчанд дар зиндон бо ӯ муносибати хуб мекарданд, саломаташро аз даст дод. Ҳоло ӯ маъюби гурӯҳи дувум аст, вале бо вуҷуди заъфи бадан аз касби дӯстдоштааш журналистӣ даст кашиданӣ нест.

"Ман ҳатман ба кори журналистӣ идома медиҳам. Журналистика барои ман касби ифтихорӣ аст", - хулоса кард Ҷамшед Каримов.

XS
SM
MD
LG