Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷияни Ислом Каримов аз бемористони касалиҳои рӯҳӣ озод шуд


Ҷамшед Каримов, бародарзодаи Ислом Каримов
Ҷамшед Каримов, бародарзодаи Ислом Каримов

Ҷамшед Каримов, бародарзодаи 49-солаи Ислом Каримов – раиси ҷумҳури пешини Узбакистон – аз бемористони касалиҳои руҳӣ рухсат шудааст. Ин хабарро шоми 1 март Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот, бо пахши изҳороти расмӣ расонд. Ӯ гуфт, "самимона аз озодии Каримов истиқбол мекунам." Ба қавли Миятович, ин қарор баъд аз раҳоии Муҳаммад Бекҷонов мусбату хурсандиовар аст ва ӯ аз мақомоти Узбакистон хост, ки хабарнигорони дигари зиндонӣ, аз ҷумла Юсуф Рӯзимуродов, Солиҷон Абдураҳмонов ва Дилмурод Сайидро ҳам озод кунанд.

Ҷамшед Каримов зодаи шаҳри Ҷиззах буда, дар оғози солҳои 2000-ум бо Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR), "Арена", хабаргузории "Фарғона" ва Uznews ҳамкорӣ дошт. Ӯ моҳи сентябри соли 2005 боздошт шуда ва баъдан бо қарори додгоҳ барои табобати маҷбурӣ дар бемористони касалиҳои рӯҳии шаҳри Самарқанд интиқол ёфт.

Бародарзодаи Каримов тирамоҳи соли 2011 озод шуд, аммо бо гузашти ду моҳ аз назари ҷомеа ғайб зад. Баъдтар хабар расид, ки Ҷамшедро бо дастури мақомот дубора дар бемористон бистарӣ кардаанд. То боздошти дуборааш Ҷамшед Каримов тавонист, ки чанд матлаби танқидӣ нисбат ба мақомоти маҳаллӣ ва марказии Узбакистон дар Интернет нашр намояд. Хабар дода мешавад, ки вай то кунун дар бораи марги Ислом Каримов огоҳӣ надорад.

XS
SM
MD
LG