Пайвандҳои дастрасӣ

Аслов ҳамтои саудии худро ба нишасти Душанбе даъват кард


Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамтои худ дар шоҳигарии Арабистони Саудӣ – Одил Ибни Аҳмад Алҷубайрро барои ширкат дар Форуми иқтисод ва ҳамкориҳои давлатҳои арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон даъват кардааст. Ин нишаст рӯзҳои 15 – 16-уми октябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд

Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ мегӯяд, Заробиддин Қосимзода – сафири фавқуллода ва мухтор рӯзи 23-юми август даъватномаи расмии Асловро ба муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар супурдааст.

Бинобар иттилои сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, аз ин қабл рӯзи 22-юми август гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва подшоҳи Арабистони Саудӣ малик Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Баръакси таҷрибаи маъмул дар мавриди гуфтугӯи сарони ду кишвар дафтари матбуоти президент Эмомалӣ Раҳмон иттилое надодааст.

Аммо дар иттилоияи сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ гуфта мешавад, сӯҳбат дар робита ба “вазъи имрӯзаи нигаронкунанда дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар минтақаи Халиҷи Форс” доир шуд.

Мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ низ аз мавзӯъҳои сӯҳбати сарони ин ду кишвар будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG