Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи автобусе дар Краснодар дастикам 18 нафарро ҳалок кард


Краснодар, ҷазираи Таман
Краснодар, ҷазираи Таман

Ба маълумоти мақомоти Русия, дар пайи ба баҳр сарозер шудани автобусе, ки коргарони сохтмонро мебурд, дастикам 18 нафар ба ҳалокат расид. Ҳодиса соати 8-и вақти маҳаллӣ дар шибҳаҷазираи Тамани минтақаи ҷанубии наздик ба Қрим рух дод.

Ба гуфтаи Кумитаи тафтишот, мусофирони автобус коргарони басти шабонаи сохтмон буданд. Ин ниҳод теъдоди кушташудаҳоро дастикам 16 нафар номид ва гуфт, ки вазъи якчанд нафари дигар вахим арзёбӣ мешавад. Вазорати беҳдошти Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз ҳеҷ иттилое дар заминаи ҳуввият ва шаҳрвандии осебдидаҳову қурбониҳо дар даст нест, вале кор дар ин замина ҳам идома дорад. Як масъули ширкати "Таманнефтегаз" гуфт, ки дар миёни осебдидаҳову қурбониҳо асосан шаҳрвандони Русия мебошанд.

Хабаргузории Интерфакс аз қавли як мақоми бахши минтақавии Вазорати ҳолатҳои истирорӣ дар Краснодар гуфт, ки дар ин ҳодиса 18 нафар ҳалок шуда, 24 нафар наҷот ёфт.

Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, автобус ба ширкате таалуқ дошт, ки барои "Таманнефтегаз" иншоот месохт.

Русия барои пайванди байни шибҳаҷазираи Таман бо нимҷазираи Қрими Украина, ки онро Русия соли 2014 ишғол кард, пул бунёд мекунад.

XS
SM
MD
LG