Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел: Буридан аз ҷаҳон ба фоидаи Амрико нест.


Доналд Трамп ва Ангела Меркел

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел инзивогароии Ийолоти Муттаҳидаро танқид кард ва гуфт, Амрико наметавонад ҷудо аз дигарон кишвари бузург боқӣ бимонад. Меркел дар сӯҳбат бо нашрияи Handelsblatt қавл дод, ки раванди глобализатсия, ё ҷаҳонишавиро густариш хоҳад дод.

Президенти ИМА Доналд Трамп борҳо ба такрор гуфтааст, ки аз тавлидоти дохилӣ ҷонибдорӣ мекунад. Тармп ба ин назар аст, ки Амрико аз шароити ноодилонаи тиҷоратӣ бо кишварҳои дигар зиён мебинад.

Моҳи март роҳбари Комисияи Аврупо Жан-Клод Юнкер гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо бояд иқдомоти Трампро дар заминаи ҳимояти тавлидоти дохилӣ ҷиддӣ бигирад ва ба низои эҳтимолии тиҷоратӣ бо ИМА омода бошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG