Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо зиндонии сиёсӣ дар Эрон гуруснанишинӣ эълон карданд


Зиндони Раҷои Шаҳр
Зиндони Раҷои Шаҳр

Созмони Афви байналмилалӣ мегӯяд, ки даҳҳо зиндонии сиёсӣ дар маҳбаси Караҷ, воқеъ дар шимолуғарби Теҳрон, ба нишони эътироз алайҳи бераҳмӣ, шароити ғайриинсонӣ ва тақиромез даст ба гуруснанишинӣ заданд.

Дар изҳороте, ки рӯзи сешанбе пахш шуд, ин созмон гуфтааст, зиндониёни маҳбаси Раҷои Шаҳр чанде пеш ба бахше интиқол ёфтанд, ки тоза ифтитоҳ ёфта, бадтарин шароитро дорад ва зиндониҳоро нафасгир мекунад.

Биноба ба маълумоти созмони Афви байналмилалӣ, зиндониҳоро дар ҳуҷраҳое нигоҳдорӣ мешаванд, ки панҷараҳояш оҳанкӯб шудаанд ва зиндониҳо аз дастрасӣ ба обу ғизо маҳруманд.

Мақомот дидори зиндониёнро бо хонаводаҳояшон манъ кардаанд ва ҳамчунин ба онҳо иҷозат намедиҳанд, ки аз телефон истифода кунанд, - мегӯяд ин созмони байналмилалӣ.

Магдалена Муғрабӣ, ноиби раҳбари Афви байналмилалӣ дар умури Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ мегӯяд, шароит то андозае бад аст, ки зиндониҳо маҷбур шуданд барои талаби ниёзҳои ҳади ақали худ даст ба гуруснанишинӣ зананд. Ӯ аз мақомоти Эрон даъват кард, "оҷилан" замонат бидиҳанд, ки дастрасии зиндониҳо ба обу ғизо ва табобату беҳдошт таъмин мешавад.

XS
SM
MD
LG