Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шариф Саид: гардиши мол бо Чин то 3 миллиард доллар афзоиш меёбад


Мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Чин то соли 2020 то 3 миллиард доллар афзоиш меёбад. Ин нукта дар ҷараёни бизнес-форуми Тоҷикистону Чин садо дод, ки рӯзи 22 август дар Душанбе бо иштироки раиси Палатаи савдои Тоҷикистон Шариф Саид ва соҳибкорони вилояти Хайняни Чин дар Душанбе ҷараён гирифт. Дар ҷараёни ин нишаст, ки бо ширкати даҳҳо соҳибкори чинӣ баргузор шуд, созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи ҷалби сармояҳои Чин ба бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистон имзо шуд. Ин санадро раиси Палатаи савдо ва раиси департаменти рушди савдои вилояти Ҳайнани Ҷумҳурии халқии Чин имзо шуд. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттило медиҳад. Мизони гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2016 - 885 миллион долларро ташкил дода, 11 дар сад бештар назар ба соли 2015 мебошад. Аз ин миқдор маблағ Тоҷикистон дар ҳаҷми 841 миллион доллар аз Чин мол ворид кардааст.

Шариф Саид дар суханронии худ аз мизони рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳам сиёсии Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, ки дар муддати солҳои ҳамкории ду кишвар мизони табодули молу коло пайваста дар афзоиш аст. Ин ҳамкориҳо бахши гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ, саноати сабук ва соҳаи маъданро дар бар мегирад. Шариф Саид гуфт, ки Тоҷикистон аз назари Чин як макони ҷолибу мавриди таваҷҷӯҳи иқтисодиву тиҷоратӣ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG