Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Саудия ҳамкориҳои илмиву таҳқиқотиро баррасӣ карданд


Дар мулоқоти шаҳри Риёз ахиран масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Саудия дар самти ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҳамчунин чопи китобҳо баррасӣ шуд. Мулоқоте, ки миёни сафири Тоҷикистон дар Риёз Заробиддин Қосимӣ ва доктори Маркази тадқиқот ва робитаҳои маърифатӣ доир ба Осиёи Марказӣ баргузор шуд, дурнамои ҳамкориҳои донишмандони ҳарду кишварро ба баррасӣ гирифт. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттилоъ медиҳад. Тоҷикистон дар ин охирҳо ҳамкориҳояшро бо Саудия дар арсаҳои сиёсию тиҷорат тавсеа бахшидааст.

XS
SM
MD
LG