Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти шабакаи "Сентябр" бо иттиҳоми тундгароӣ


Додгоҳи Первомайский дар Бишкек
Додгоҳи Первомайский дар Бишкек

Додгоҳи Қирғизистон фаъолияти телевизиони рақамии "Сентябр"-ро бо иттиҳоми пахши муҳтавои тундгароёна манъ кард.

Додгоҳи Первомайскии Бишкек рӯзи 22 август қарор кард, ки телевизиони хусусии "Сентябр", ки аз интиқодгарони шинохтаи раиси ҷумҳур Алмосбек Отамбоев аст, барномаҳояшро ҳам дар мавҷи ҳаво ва ҳам дар режими онлайн қатъ кунад.

Намояндагони шабакаи телевизионӣ рӯзи 22 август гуфтанд, ки онҳо аз қазия огоҳ набуданд ва танҳо пеш аз оғози додгоҳ хабардор шуданд.

Додситони кулли Қирғизистон ин шабакаи рақамиро ба пахши сӯҳбат бо собиқ раиси пулиси минтақаи Уш Абдилда Капаров муттаҳам кард, ки нахуствазир Сооронбой Ҷеенбеков ва баробари ӯ: намояндаи мардумӣ Асилбек Ҷеенбековро тавҳин кардааст.

Капаров дар сӯҳбати соли 2016 гуфт, ки бародари Ҷеенбеков эҳтимолан 3 миллион доллари давлатро дар ташвиқи низоъи қавмии соли 2010 дар байни узбакҳо ва қирғизҳои Уш сарф кардааст.

Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 21 август бо барномаи иштирок дар интихоботи президентии моҳи октябри соли 2017, аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо дод.

Аз рӯи Қонуни Асосии Қирғизистон Отамбоев дигар ҳақи иштирок дар интихоботи президентиро надорад.

XS
SM
MD
LG