Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон гуфт, ки барои имзои созишнома бо ИА омода шудааст


Карен Карапетиан
Карен Карапетиан

Нахуствазири Арманистон Карен Карапетиён гуфт, ки ҳукумати кишвараш барои амиқтар кардани равобит бо Иттиҳоди Аврпуо мавқеи қотеъ дорад.

"Мо созишномаи ҳамкориро имзо мекунем"- гуфт Карапетиён рӯзи гузашта ба хабарнигорон ҳангоми боздид аз урдугоҳи ҷавонон дар шаҳри Тсаҳкадзор.

Созишномаи Фарогир ва Коршарикии Густардаро Арманистон ва Иттиҳоди Аврпуо моҳи март таҳия карданд.Қарор аст, ки ин санад дар саммити Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел моҳи ноябр имзо шавад.

Созишномаи Фарогир ва Коршарикии Густарда ҷойгузини тавофуқномаи баландпарвози қаблӣ аст, ки тарафҳо соли 2013 бар сари он гуфтушунид карданд. Президенти Арманистон Серж Саркисиён соли 2013 баъди сафари Путин ба Ереван ба таври ғайриинтизор аз ин тарҳ даст кашид.

Моҳи январи соли 2015 Арманистон ба Иттиҳоди Авросиёи таҳти назари Русия пайваст.

Нахуствазири Арманистон ба ин пурсиш, ки ин қарордод ҳам мисли қаблӣ дар лаҳзаи ахир лағв намешавад гуфт, ки феълан чунин аломатҳоро мушоҳида накардааст.

XS
SM
MD
LG