Нерӯҳои марзбонии ИМА, Малайзия ва Сингапур амалиёти ҷустуҷӯи 10 маллоҳи амрикоиро идома доданд, ки баъди бархурдани киштии низомии Ҷон Маккейн бо танкери нафт, дар гулӯгоҳи Маллакск аз назарҳо нопадид шуданд. Дар амалиёти ҷустуҷӯ чархболҳои киштиҳои десантии Амрико иштирок мекунанд. Сабаби садама, ки дар он ҳамчунин панҷ маллоҳи дигар захм бардошт, эълон нашудааст. Ин дуюмин садамаи бузурги киштиҳои Флоти 7-и нерӯҳои дарёгарди Амрико дар ду моҳи ахир аст.
Нерӯҳои дарёгарди ИМА мехоҳанд "таваққуфи оперативӣ" -и умумиҷаҳонӣ эълон кунанд, то ба фармондеҳон имкон диҳанд, ки чораҳои амниятиро баррасӣ кунанд. "Таваққуф" метавонад то ду рӯз идома кунад ва эҳтимолан ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад. Дар баробари ин, ҳамчунин омдагии ҳарбии флоти 7-и нерӯҳои дарёгарди ИМА матраҳ хоҳад шуд.