Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Антоновро сафари Русия дар ИМА таъин кард


Анатолий Антонов
Анатолий Антонов

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, втерани дипломатия Анатолий Антоновро, ки ҳам дар Вазорати умури хориҷӣ ва ҳам дар Вазорати дифоъ фаъолият кардааст, сафири Русия дар ИМА таъин кард. Хабари таъини ӯ рӯзи 21 август дар сомонаи Кремлин нашр шуд.

Антонови 62-сола аз тарафдорони сиёсати хориҷии хушунатомези чанд соли ахири Русия ва аз музкиракунандаҳои сахтгир, аз ҷумла дар гуфтугуҳои назорат бар силоҳ номбар мешавад.

Ӯ дар мақоми сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кислякро иваз мекунад, ки номаш дар робита ба мулоқоташ бо ёвари собиқи президентТрамп - Майкл Флинн ва нафарони дигари ӯ дар ҷараёни интихоботи соли 2016, вирди забонҳо шуд.

Мавзӯи таъини Антонов ба мақоми сафири Русия дар Амрико, ки ҳафтаҳои ахир доман зада мешуд, вақте эълон гардид, ки Амрико қатъи судури раводиди ғайри муҳоҷиратӣ дар Русияро эълон кард.

XS
SM
MD
LG