Пайвандҳои дастрасӣ

Нозири минтақавиро баъди навори ҷанҷолбарангез аз кор ронданд


Дилшод Маҳмудов, нозири минтақавии маҳаллаи “Фурқат” дар шаҳри Ҷиззахи Узбакистон, барои бархӯрди номуносиб бо як зан аз кор ронда шудааст. Дар наворе, ки ҳафтаи гузашта ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ин маъмури пулис аз мӯйи зани миёнсоле кашида, мехоҳад маҷбурӣ ба мошини хидматиаш бинишонад.

Нозири минтақавӣ намедонист, чигуна ин занро ором кунад. Ӯ ба сӯи маъмури милиса дод зада ва муқобилият нишон медод. Барои ҳамин, милиса маҷбур буд, нисбат ба зан аз чунин амал кор бигирад

Баъди онки ин навор рӯзи 15-уми август дар вебсайти бахши узбакии Радиои Озодӣ нашр шуд, маъмури милиса барои бозпурсӣ ба додситонӣ даъват гардид. Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми август гуфт, ки “Маҳмудов аллакай аз кор ронда шуда, ба ҷойи ӯ маъмури дигарро таъин карданд.”

Навори кашмакаши Дилшод Маҳмудов бо як зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳси зиёдро ба по кард. Бисёре аз корбарон чунин рафтори маъмури милисаро танқид карда ва суол гузоштанд, ки “то кай бояд ба чунин амали нирӯҳои интизомӣ чашм пӯшид?”

Аммо яке аз шоҳидони ҳодиса дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки гӯё ин саҳнаро худи зан ба вуҷуд овардааст. “Нозири минтақавӣ намедонист, чигуна ин занро ором кунад. Ин зан ба сӯи маъмури милиса дод зада ва муқобилият нишон медод. Барои ҳамин, милиса маҷбур буд, ки нисбат ба зан аз чунин амал кор бигирад”, - афзуд як сокини шаҳри Ҷиззах.

Рӯзи 16-уми август хабарнигори Радиои Озодӣ бо Дилшод Маҳмудов тамос дошт. Ӯ дар аввал гуфт, ки “дуд бе оташ намешавад” ва сипас хост, баъди панҷ дақиқа тамос гирем. Баъд аз он телефонаш хомӯш шуд ва то ҳол фаъол нагардидааст.

Дар Тоҷикистон низ бархе маъмурони пулисро барои рафтори номуносиб танқид мекунанд
Дар Тоҷикистон низ бархе маъмурони пулисро барои рафтори номуносиб танқид мекунанд

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое ба намоиш гузошта мешаванд, ки аз бархӯрди номуносиби мақомоти пулис ё ниҳодҳои дигари интизомӣ бо сокинон ҳикоят мекунад. Тулқин Умаралиев, коршиноси Радиои Озодӣ, мегӯяд, дар шароити пӯшидаи Узбакистон шабакаҳои иҷтимоӣ барои фош кардани ҳамагуна ноадолатиҳо нақши муҳим мебозанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли гузашта яке аз корбарони Радиои Озодӣ видеоро фиристод, ки дар он ду корманди пулиси Самарқанд занеро зада ва кӯшиш доштанд, ӯро дар боғочи мошин ҷой кунанд. Баъд аз нашри ин навор маъмурони пулис аз кори худ маҳрум шуданд.

Моҳи майи соли 2016 Иззатулло Ҳошимов, нозири минтақавии маҳалли “Фарҳод” дар шаҳри Тошканд низ аз мақомаш барканор шуд. Сабаби барканории ӯ наворе гардид, ки дар он Ҳошимов бо пояш ба сару рӯи зани 55-солаи бемор мезад. Ин зан дар кӯча хобида буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG