Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрд "Девонаву Қумондон" ширкат доштанд


Мақомоти полиси тоҷик исми шаш гумонбари афғон дар қочоқи маводи мухаддирро нашр карданд, ки дар як задухӯрд ба сӯи сохторҳои низомии Тоҷикистон оташ кушоданд. Ин ҳодиса рӯзи 15 август дар назди дидбонгоҳи сарҳадии ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ рух дод ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди Афғонистон кушта шуд.

ВКД-и Тоҷикистон дар хабари расмиаш субҳи 21 август навишт, ки дар задухӯрд бо масъулини умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва сарҳадбонони минтақаи Кӯлоб қочоқчиёни афғон - Ҳабибулло валади Насрулло Махсум соли таваллудаш 1983, Розгул валади Қаҳрамон соли таваллудаш 1983, бо тахаллуси «Қумондон», Башир валади Ҳомид соли таваллудаш 1978, бо тахаллуси «Девона», Маҳмад валади Давлатманд соли таваллудаш 1978, Камол валади Раҳматшо ва Муҳибулло валади Насриддин, сокинони вилояти Тахор иштирок карданд. Мушаххас нест, ки ин афрод дар боздоштанд ваё фирор кардаанд.

Дар паи амалиёти мақомоти тоҷик як гумонбар дар қочоқи нашъа аз Тоҷикистон - сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Алишер Ниёзов боздошт шуд. Дар ин задухӯрд ду қочоқчии эҳтимолии афғон кушта шуд, мегӯяд ВКД.

"Аз нашъаҷаллобон 3-адад халтаи полиэтиленӣ бо миқдори зиёди маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид, ки дар умум аз қочоқчиён ба миқдори 114 килограмму 061 грамм маводи нашъадор, аз он ҷумла 83 килограмму 061 грамм навъи «ҳашиш», 21 килограмму 200 грамм «афюн» ва 9 килограмм «бангдона» гирифта шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад".

XS
SM
MD
LG