Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони қирғиздухтарони ҳалокшуда аз ҳукми додгоҳи Русия норозиянд


Пайвандони 14 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар натиҷаи сӯхтори нашриёти "Печатний экспресс"-и шаҳри Маскави Русия ҷон бохтанд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, ба раҳбарияти нашриёт ҷазои сабук дода шудааст.

Ба огаҳии сафорати Қирғизистон дар Русия, дар ҳоли ҳозир вакили дифои ҷониби даъвогарон барои шикоят аз болои ҳукм омодагӣ дида, намояндагии дипломатӣ талош дорад, то наздикони қурбониён ҷубронпулиро дастрас кунанд.

Додгоҳи ноҳияи Бутирскийи Маскав 18 август раҳбари нашриёт Сергей Москвинро дар риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор айбдор ва 2,5 сол зиндонӣ кард. Ҳамчунин сармуҳандиси нашриёт Антон Ятсков 3,5 сол аз озодӣ маҳрум гашт.

14 муҳоҷири кории Қирғизистон ва се шаҳрванди Русия 27 августи соли 2016 дар натиҷаи сӯхтори мазкур ҷон бохтанд. Ҳамаи фавтидаҳо зан ва якеашон ҳомиладор буд. Санҷиши ҳодиса 7 моҳ идома карда, шумори ҷилдҳои парванда ба 27 адад расид.

Пештар хабар доданд, ки нашриёти "Печатний экспресс" ва мудири кулли он беш аз 6 миллион рубл ҷуброн хоҳанд пардохт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG