Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон то моҳи октябр фурӯши нӯшокиҳои спиртиро манъ кард


Мақомоти Туркманистон пеш аз баргузории Бозиҳои осиёӣ дар ин кишвар фурӯши нӯшокиҳои спиртиро манъ кардаанд. Қарор аст, Бозиҳои осиёӣ моҳи оянда анҷом шавад.

Расонаҳо рӯзи 19-уми август гузориш доданд, ки дӯконҳои шаробфурӯшӣ баста ва ҳамаи маҳсулоти дорои алкоҳол аз фурӯшгоҳҳои Ишқобод барчида шудааст.

Хабаргузории «Ассошиайтед Пресс» гузориш дод, ки ҳукумат расман эъломия содир накардааст. Аммо тоҷирон гуфтаанд, мақомот дастур доданд, ки фурӯши машрубот то моҳи октябр мамнуъ аст.

Ҳамчунин пеш аз баргузории ин бозиҳо мақомот равуои сокинон дар пойтахти Туркманистонро маҳдуд карданд.

Авоили ин моҳ Дидбони ҳуқуқи башар, қароргоҳаш дар Ню Йорк, аз Шӯрои Бозиҳои осиёӣ хост, то нақзи ҳуқуқро ба Туркманистон гӯшзад кунад.

XS
SM
MD
LG