Раис ва муҳандиси чопхонаи Маскав, ки соли гузашта дар пайи сӯхтори он 17 нафар ҷон бохт, аз озодӣ маҳрум шуданд. Додгоҳи пойтахти Русия рӯзи 18-уми август мудири чопхона Сергей Москвинро дар риоя нашудани қоидаҳои бехатарии сӯхтор муҷрим эълон кард ва ӯро ба мӯҳлати 2,5 сол дар колонияи сукунати озод маҳкум кард.
Муҳандиси коргоҳ Антон Ятсков 3,5 сол ҳукм гирифт ва ӯ низ ин мӯҳлатро дар колонияи сукунати озод сипарӣ хоҳад кард.
14 шаҳрванди Қирғизистон ва 3 шаҳрванди Русия дар сӯхтори рӯзи 27-уми августи соли 2016 дар Маскав ҷон бохтанд. Ҳамаи қурбониҳо зан ва духтарон буданд ва гуфта мешавад, ки яке аз онҳо обистан буд.
Русия аз низоми бехатарии сӯхтор бархӯрдор нест ва теъдоди қурбониҳои сӯхтор дар инҷо бештар аз бисёр кишварҳои Ғарбӣ аст.
Ба маълумоти Ассосиатсияи байналмилалии хадамоти оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ, соли 2014 теъдоди қурбониҳои сӯхтор дар Русия беш аз 10 ҳазор ва дар Амрико, ки аҳолиаш ду баробари Русия аст, 3 ҳазору 275 нафар буд.