Пайвандҳои дастрасӣ

Роналду ё Месси? Кӣ беҳтарин футболбози ҷаҳон мешавад? ВИДЕО


Криштиану Роналду, футболбози маъруфи португалӣ ва бозигари дастаи “Реал Мадрид” ва Леонел Мессӣ – рақиби маъруфи ӯ аз дастаи “Барселона” ва бозигари аргентинӣ имсол ҳам барои ба даст овардани унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон рақобат мекунанд.

Ҳарду футболбоз, ки дар як даҳсолаи гузашта аксаран дар озмунҳои ҷаҳонӣ дар садри ҷадвалҳо қарор доштанд, имсол ҳам дар феҳрасти 24 футболбозе қарор доранд, ки ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) онҳоро ба унвони бозигари беҳтарин пешниҳод кардааст.

Криштиану Роналду имсол дастовардҳои хубе дар дастаи “Реал Мадрид” дошт, вале Леонел Мессӣ ҳам кам наомад ва бо задани голи 500-ум дар “Барселона” аз Роналду пеш гузашт. Футболбозони маъруфи дигар ба мисли Неймар, Иброҳимович, Буффон низ дар ин феҳраст ҳастанд.

Барои интихоби беҳтарин футболбози ҷаҳон, мураббиён, капитани дастаҳо, мухлисон раъй медиҳанд ва ғолибонро рӯзи 23-уми октябр дар як маросими бошукӯҳ дар Лондон эълон мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG