Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анбӯҳи одамон дар Тошканд ба Додгоҳи олӣ "ҳуҷум" карданд


Бинои Додгоҳи олии Узбакистон
Бинои Додгоҳи олии Узбакистон

Ҳудуди 400 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки барои мулоқот бо раиси Додгоҳи олии ин кишвар дар навбат буданд, рӯзи 15 август дарвозаро шикастанд ва ба саҳни додгоҳ ворид шудаанд.

Як шоҳиди ҳодиса бо номи Шавкат Юнусов гуфт, ки мардум аз навбатпоии тӯлонӣ дар ҳавои гарми тоқатфарсо хаста шуданд, ба хашм омаданд, дарвозаро шикаста, худро ба дохил заданд.

"Сокинон доду фарёд мезаданд ва талош мекарданд, ки ба қабулгоҳи раиси Додгоҳи олӣ роҳ ёбанд. Ин воқеан як "ҳуҷум" буд", - афзуд Юнусов. Ба гуфтаи ӯ, дар ин кор худи кормандони Додгоҳи олии Узбакистон айбдоранд, зеро мардумро маҷбур мекарданд, ки пушти дарвоза дар ҳавои гарм соатҳо интизор шаванд.

"Аз ҳуш рафтани сокинон дар натиҷаи навбатпоиҳои тӯлонӣ як чизи маъмулӣ шудааст. Он рӯз ҳам фишори хуни зане баланд шуд ва "ёрии таъҷилӣ"-ро даъват карданд. Чанд рӯз пеш низ ба се нафари дигар кумаки тиббӣ расониданд. Мардум асабонӣ мешавад. Қазияи шикастани дарвозаи Додгоҳи олӣ нишон дод, ки мардум ба чи чиз қодиранд", - изҳор дошт як сокини 80-солаи Тошканд Любов Чуракова дар суҳбат бо хабаргузории "Фарғона".

Ҳамсуҳбатҳои бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, сокиноне, ки дарвозаи Додгоҳи олии Узбакистонро шикастанд, танҳо мехостанд, ба қабулгоҳи раис роҳ ёбанд. Ягон нафари онҳо ба бино ё ашёи додгоҳ осеб нарасонд.

Тибқи реҷаи кории Додгоҳи олии Ӯзбекистон раҳбари ин ниҳод Қосимҷон Комилов дар як моҳ ду бор сокинонро қабул мекунад.

XS
SM
MD
LG