Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ду шӯрои назди Кохи сафедро пароканда кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Ба думболи хуруҷи чанд намояндаи ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз шӯроҳои соҳибкорон дар назди Кохи сефед, Президенти ИМА Доналд Трамп ин ду ниҳоди машваратиро пароканда кард. Намояндагони шӯрои Саноатӣ, форуми стратегия ва сиёсат, бо шумули афроди марбут ба тиҷоратҳои бузург, дар ҳоле узвияти худродар ин шӯроҳо қатъ карданд, ки Трамп дар задухурди Шарлотсвилл на бартариталабони сафедпуст, балки ҳамаи тарафҳоро гунаҳкор эълон кард.

Дар робита ба пароканда шудани шӯроҳо Трам дар твитераш навишт, ки ба ҷойи фишор овардан ба ин гурӯҳҳо беҳтар аст онҳоро барҳам диҳад.

"Президенти Амрико гурӯҳҳои бадбинро на ҳимоят, балки бояд онҳоро ҳамчун "ку-клукс-клан" маҳкум кунад"- гуфт волии аёлати Оҳаё Ҷон Касич дар шабакаи телевизионии NBC.

Нахуствазири Британия Тереза Мэй ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ дар заминаи задухурдҳои Шарлотсвилл Трампро танқид карданд.

Рӯзи гузашта Шарлотсвилл Ҳизер Ҳейер, зани 32 соларо ба хок супурд, ки як миллатгарои сафедпуст ҳангоми ҳамла ба тӯдаи эътирозгарон ӯро бо мошинаш пахш кард.

XS
SM
MD
LG