Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Би-Би-Си мегӯяд, ки Эрон дороиҳои кормандонашро масдуд кард


Раҳгузаре аз канори шабакаи телевизионии BBC убур мекунад
Раҳгузаре аз канори шабакаи телевизионии BBC убур мекунад

Шабакаи форсизабони телевизиони Би-би-си мегӯяд, ки додгоҳи Эрон бо судури як амр ҳисобҳои бонкии 152 корманди ин ширкатро масдуд кардааст.

Ба гуфтаи раҳбари хадамоти ҷаҳонии Би-би-си Франческа Ансворт қарори мақомоти Эрон кормандони ширкатро аз хиридорӣ ва фурӯши амволи ғайри манқул, ҳамчунин мошин ва таҷҳизоти дигар маҳрум мекунад.

Пахши барномаҳои шабакаи форсизабони телевизиони Би-би-си дар Эрон мамнӯъ аст. Солҳои ахир кормандони телевизион мавриди таҳдиду фишори мақомот қарор гирифтаанд.

Би-би-си аз судури амри додгоҳ огоҳ набуд ва дар ҳоле бохабар шуд, ки наздикони яке аз корманди Би-би-си натавонистанд аз номи ӯ хонаеро бифурӯшад.

Ҷониби Эрон қарор додгоҳрро шарҳ надодааст.

"Мо аз ин ҳамлаи зоҳиран ҳадафмандона алайҳи кормандон, кормандони собиқ ва баъзе хабарнигорони ғайриштатии Би-би-си изҳори таассуф мекунем"- гуфтааст Франческа Ансворт.

Раҳбарияти телевизиони форсизабон қарори мақомоти Эронро талоши хомуш кардани хабарнигорони беғараз номидааст.

Амир Азимӣ, раҳбари телевиион гуфтааст, ки сарфи назар аз маҳдудият, Би-би-си пахши хабарҳои беғаразона ва санҷидашуда ба форсизабонҳои тамоми ҷаҳонро идома медиҳад.

Бо вуҷуди манъи пахши барномаҳо, теъдоди тамошобинони шабакаи ҷаҳонии Би-би-си дар Эрон 13 миллион буда, ин ҳафтумин бозори бузурги шабакаи хабарӣ унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG