Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ҳавоии Ироқ ба истеҳкоми ҷиҳодиҳо дар Талъафар


Мавсил баьди суқути ДИИШ

Нерӯҳои ҳавоии Ироқ шаҳри Талъафари вилояти Найнаво, воқеъ дар 80 километрии ғарби Мосулро бомбаборон карданд. Талъафар таҳти назорати гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" қарор дорад.

Дар бораи оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ шабакаи телевизионии Ал-Самария рӯзи 15 август бо такя ба намояндаи Вазорати дифои Ироқ хабар дод. Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар остонаи оғози амалиёти заминӣ алайҳи ҷангиёни ДИИШ дар Талъафар анҷом мешавад.

Ба истилоҳ "Хилофати худгардони Далати Исломӣ" дар асл моҳи гузашта дар ҳоле аз ҳам пошид, ки нерӯҳои Ироқ, бо пуштибонии ИМА назорат бар шаҳри Мавсилро барқарор карданд. ДИИШ Мавсилро "пойтахт"-и худ эълон карда буд. Даргирии байни нерӯҳои давлатӣ ва ҷиҳодиҳо дар остонаи шаҳр ҳудудан 9 моҳ давом кард.

Талъафар бо аҳолии 200 ҳазор нафарӣ, то ишғоли шаҳр аз тарафи ДИИШ низоъҳои мазҳабии байни шиаву сунниҳоро аз сар гузаронд. Рӯёрӯиҳо соли 2003, баъди вурӯди нерӯҳои хориҷӣ бо сарварии ИМА ба Ироқ, шадидтар шуд.Теъдоде аз фармондеҳони маҳаллии Талъафар, ки дар шаҳр фаъолият мекарданд, баъдан фармондеҳони аршади ҷиҳодиҳо шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG