Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии як шаҳри Сурия аз “Давлати исломӣ”. ВИДЕО


Шикасти сахти гурӯҳи Давлати исломӣ дар Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

Артиши Сурия ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”-ро аз вилояти Ҳумc, охирин такягоҳи бузургашон берун карданд. Дар ин бора телевизиони давлатии Сурия хабар дод.

Нерӯҳои давлатӣ мавқеи ҷангҷӯён ва силоҳҳои муталлиқ ба онҳоро дар шаҳри Ас-Cухна нобуд кардаанд. Ҳоло дар кӯчаҳои шаҳр минрӯбон ба поккорӣ машғуланд.

Ас-Cухна дар 50-километрии шаҳри Дайр-уз-Зор ҷойгир аст ва мавқеи муҳими стратегиро дар баландии роҳе ишғол мекунад, ки шаҳри таҳти назорати ҷангҷӯёнро бо шаҳри қадимаи Палмира мепайвандад.

Фармондеҳони артиши Сурия умед доранд, ки ишғоли ин баландӣ барои пешравии артиш ва комилан поккорӣ кардани минтақа аз ҳузури ҷангҷӯён имкон фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG