Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи сафед: Трамп ҳама гуна хушунату бадбиниро маҳкум мекунад


Саҳнаи ҷиноят дар Шарлотесвилли аёлати Варҷиния. 13 августи соли 2017
Саҳнаи ҷиноят дар Шарлотесвилли аёлати Варҷиния. 13 августи соли 2017

Кохи сафед бо нашри як изҳорот иддаои интиқодгарони президенти ИМА Доналд Трампро кард, ки гуфтанд, президент тундгароҳо ва ҷонибдорони ғояҳои нафратангезро ба таври кофӣ маҳкум накард. Маъмурияти раиси ҷумҳур гуфт, "президент ба таври возеҳ гуфт, ки ҳамагуна зуроварӣ, фанатизм ва бадбиниро маҳкум мекунад. Ин изҳорот ба ҷонибдорони бартарии сафедпустҳо бар дигарон, фашистҳои навбаромад ва гурӯҳҳои тундрав низ дахл дорад"

Президент рӯзи шанбе дар изҳори назарҳои умумияш, баъди бетартибиҳо дар Шарлотесвилл, амали гурӯҳҳои тундравро, ки сафедпӯстҳоро аз дигарон бартар медонанд, маҳкум накард.

Президенти ИМА дар задухӯрди миёни эътирозгарон ва тундравони сафедпӯст дар Шарлотесвил "бисёр тарфҳо"-ро айбдор кард.

Баъди задухӯрд, ба мухолифони миллигаро бо мошине ҳамла анҷом шуд, ки дар натиҷа як зан ҷон дода, даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд. Ронандаи ин мошин боздошт шуд. Аз ӯ Ҷеймс Алекс Филдс, сокини 20-солаи аёлати Оҳайо ном бурда мешавад.

XS
SM
MD
LG