Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси қазоқ тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистонро таҳқиқ мекунад


Пулиси Қазоқистон наздикони як сокини вилояти Ҷамбули ин кишварро, ки дар пайи тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон кушта шуд, бозпурсӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба мақомоти қудратии вилояти Ҷамбул иттилоъ медиҳанд.

Расонаҳо менависанд, наздики соати 20-00 шоми 13-уми август дар дидбонгоҳи "Жасоркен" марзбонон маҷбур шуданд, ки сӯи марзшиканони эҳтимолӣ тир кушоянд. Як гурӯҳи иборат аз 15 нафар ба фармони марзбонон итоат накарда, ба сӯи онҳо сангандозӣ карданд. Яке аз ҳамлагарон маҷрӯҳ шуда, баъдтар фавтид. Афроди дигари гурӯҳ ба деҳаи наздики марз фирор карданд.

Фавтида сокини деҳаи Жасоркен буда, шаҳрвандии Қазоқистонро доштааст. Шахсияти афроди дигари гурӯҳ мушаххас нашудааст. Мақомот мегӯянд, гурӯҳ марзбононро сангборон кардааст ва дар натиҷа марзбонон сӯи онҳо тир кушодаанд.

XS
SM
MD
LG